ба қафо
ШАРҲИ ПАЁМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
2018-02-12
Дар факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ бо иштироки устодон ва донишҷӯён бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” конфронси илмӣ баргузор гардид. Конфронсро дотсент Раҷабова М. ифтитоҳ намуда, маърӯзаи худро таҳти унвони “Паёме ба сӯи зиндагии шоиста” манзури аҳли нишаст кард.
Инчунин дар конфронси мазкур донишҷӯён Назирзода Манижа, Шаҳидхӯҷаева Мутрибахон ва Юнусов Нурбек низ бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд. Дар анҷоми конфронс суолу ҷавобҳо дар атрофи Паёми Пешвои миллат сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:503 нафар
баён кардани ахборот







