Дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба шарҳу тавзеҳи муфассали Паёми Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронси илмӣ- амалӣ тахти унвони “Паём- роҳнамо ва ҳидоятгари фардои дурахшон” бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Конфронсро муовини декан оид ба тарбияи факултет Ҷамолиддин Абдукаримов ифтитоҳ намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеояд маълумот дод.
Сипас тибқи барномаи конфронс мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Иброҳим Ҷабборов оид ба хусусиятҳои хоси Паёми навбатии Пешвои миллат, масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли он ва дигар масоили муҳими дар Паёми ироагардида ба таври возеҳ баромад намуд. Конфронси мазкур бо суолу ҷавобҳо дар атрофи Паёми Пешвои миллат ҳусни анҷом ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил







