Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуоти дар мақомоти давлатӣ» дар толори нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеъи намояндагони васоити ахбори умум ва устодони донишгоҳ баргузор гардид. Сардори маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Киромиддин Мухторов нишастро ҳусни оғоз бахшид. Сипас ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода фаъолияти солонаи донишгоҳро дар самти таълим, тарбия, илм ва иноватсия, муносибат ва ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои олии ватанӣ ва хориҷӣ, тавсеаи доираи тадқиқоти илмӣ, барномаҳои мукаммали тарбияи кадрҳо, таҷаддуди раванди таълим дар пайвастагӣ бо тарбияи маънавию ахлоқии донишҷўён, ба камол расонидани мутахассисони сазовор, фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил дар ҳузурии аҳли нишаст ҷамъбаст намуд. Аз ҷумла зимни суханронии мавсуф қайд гардид, ки “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 декабри соли 2018 дар Паёми навбатии худ ба парлумони кишвар вобаста ба соҳаи маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки самти иҷтимоиёти мамлакат таъкидан зикр карда буданд, “Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем””.
Пас аз ҳисоботи ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли 2017 суолу ҷавоб бо намояндагони ВАО баргузор гардид. Рӯзноманигорон асосан атрофи масоили нақша-чорабиниҳои донишгоҳ оид ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018, самтҳои фаъолияти донишгоҳ, ҳамкориҳои донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва лоиҳаҳои байналхалқӣ, шароити донишҷӯён дар самти таълиму тарбия, музди миёнаи маоши устодони донишгоҳ, стипендияи донишҷӯён ва дигар масъалаҳои муҳим суол дода, аз роҳбарияти донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ 23 намояндаи ВАО барои ҳамкории судманд ҷиҳати инъикоси ҳаёти донишгоҳ ва мусоидат дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







