ба қафо
ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЙЁРИИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁН
2018-02-14
Ҳафтаи гузашта дастури методии мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент Маҳмудов О.Р., таҳти унвони “Таҷрибаомӯзии педагогӣ – омили муҳими тайёрии касбии донишҷӯён” аз нашр баромад.
Дастури мазкур фарогири масоили мақсад ва вазифҳои таҷрибаомӯзӣ, роҳҳои ташкил намудани он, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои таҷрибаомӯзон буда, иборат аз 100 саҳифа аст ва барои донишҷӯён пешниҳод шудааст.
Қайд карда мешавад, ки таълифи ин дастури методӣ дар асоси нақшаи дурнамои фаъолияти таълимӣ – методии донишгоҳ ба роҳ монда шуда, муаррифии он моҳи ҷорӣ дар факултетҳои донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст.
Маркази иттилот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:585 нафар
баён кардани ахборот







