Тарбия – таъсиррасонии бошуурона, мунтазам ва мақсаднокест, ки он душворӣ ва зиддияти ба амаломадаро ба эътибор мегирад, воситаҳои бартарафсозии онро пайдо менамояд. Бо ин мақсад омўзгорони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ, ба муносибати ҷашни 25 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ ва баррасӣ намудани санадҳои муҳими давлатӣ бо донишҷўёни хобгоҳи № 1 конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Тарбия дар руҳияи бунёдкорӣ ва созандагӣ» баргузор намуданд. Чорабиниро декани факултет Маҳмудова Н.С. ҳусни оғоз бахшид. Қайд гардид, ки ҷомеаи имрўза ба насли дар руҳияи ватандўстию худшиносии миллӣ ба воя расида эҳтиёҷ дорад, ки дастовардҳои истиқлолияти давлати азизамонро ҳифз кунад, аз навгониҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор бошад ва номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошад. Баъдан муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шамсиддинов М. донишҷўёни хобгоҳро бо фарорасии иди Артиши миллӣ табрик намуда, чунин қайд намуд “Ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо – ҷавонони зираку доно аст ва бояд шумо барои рушду нумуи меҳани азизамон Тоҷикистон тамоми имкониятҳои худро сарф намоед”.
Инчунин дар конфронси мазкур маърўзаҳои дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Раҳматова М. дар мавзўи «Қувваҳои Мусаллаҳ - мактаби ҷасорат ва садоқат ба Ватан» ва номзади илмҳои таърих Ҳошимова Шафоат дар мавзўи «Мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»» шунида шуданд.
Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар донишҷўён сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад, онҳоро водор месозад, ки нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқидӣ назар кунанд, Ватани хешро дўст доранд, манфиатҳои онро ҳимоя намоянд ва ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ







