Дар толори раёсати донишгоҳ бо ибтикори Шӯрои занони донишгоҳ маҳфили навбатии “Фарҳанги оиладорӣ” таҳти унвони "Муносибати гендерӣ ва нақши он дар ташаккули хусусиятҳои психологии зан" баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва омўзгорону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст шӯрои раиси занони донишгоҳ, дотсент Раҷабова З. маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, доир ба оила ва ҷавҳари оиладорӣ, нақши оила дар ташаккули ҷомеа, усулҳои самараноки тарбияи фарзанд баромад намуд.
Зимнан таъкид гардид, ки “Оила, инсон ва ҷамъият муҳимтарин рукнҳои фалсафаи ҳаётанд”. Баъдан дар мавзӯи “Муносибати гендерӣ ва нақши он дар ташаккули хусусиятҳои психологии зан” дотсенти кафедраи психологияи зан баромад намуд.
Пас аз он аз ҷониби донишҷӯён саҳначаҳо манзури аҳли нишаст гардид. Ҳунарнамоии ҳофизони шинохта чун Ҳ.Камол, А.Шамсиев, Р.Холӯраев, Ҳ.Ҳабиб ва ансамбли "Навои ҷавонӣ"-и донишгоҳ маҳфили мазкурро ҳусни анҷом бахшид.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки маҳфили мазкур тӯли 7 сол инҷониб фаъолият мебарад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







