ба қафо
БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “СЕҲРИ СӮЗАН” ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲ
2017-09-25
Дар толори хобгоҳи №3 бахшида ба «Соли 2017 - соли ҷавонон» бо иштироки соҳибҳунарон ва донишҷўдухтарон маҳфили «Сеҳри сўзан» баргузор гардид.
Дар он ҳунарманди атласу адрасбофи ҷавон, номзади илмҳои филологӣ, устоди донишгоҳ Умеда Абдурашидова оид ба таърихи пайдоиши сўзанидўзиву гулдўзӣ барои духтарони хобгоҳ маълумоти муфассал дод. Ў дар суханронии хеш қайд намуд, ки миллати тоҷик таърихи фарҳанги бою ғанӣ дорад ва дар ҷодаи ҳунарҳои миллӣ гузаштагони мо мероси бойе боқи мондаанд, ки имрўз мо фарзандони эшон онро идома дода истодаем ва бигзор ин касби аҷдодиамон як умр барои шаҳрвандони мамлакат хизмат кунад.
Мардуми моро бо фарҳанги волои либоспўшӣ, атласу адрас, чакан, рағза, гилемҳои ранга, қолинбофию сўзанидўзӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Сипас, ҳунармандон, аз нозукиҳои ин ҳунари аҷдодӣ барои аҳли нишаст ҳарф зада, дар сўҳбати худ зикр намуданд, ки ҳар як зан, модар ва фарзандони ў бояд дар баробари дигар ҳунарҳои рўзғордорӣ, аз дўхтани сўзанидўзиву гулдўзӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ огоҳ бошанд.
Барои аз наздик шинос шудн бо ин намуди ҳунарҳои миллӣ барои эшон намунаи матоҳои бофта шудаву дўхташуда ба маърази тамошои духтарон гузошта шуд.
Аҳли нишастро, ки гулдухтарони зебои хобгоҳи №3 ташкил медод, нисбат ба омўзиш ва нозукиҳои ҳунарҳои дар боло қайд гардида, саволу ҷавоб намуданд.
Дар интиҳо масъулин қайд намуданд, ки ин гуна вохўриҳо бо донишҷўёни дигар хобгоҳҳо низ гузаронида мешавад.
Маркази иттилоот а таҳлил
Аз назар гузарониданд:480 нафар
баён кардани ахборот