Ин навбат маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан” дар толори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъро ҷамъ овард. Нахуст маҳфилро роҳбари маҳфил Саидумон Саидов ифтитоҳ бахшида, аз санаи муборак 70 солагии узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад ёд кард ва аз хидматҳои фаровони ин олим дар ҷодаи адабиётшиносӣ ба ҳозирин маълумот дод. Сипас гузориши аввал аз ҷониби дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Ислом Раҳимов дар мавзӯи “Ҳунар ва ҳунармандӣ дар осори суханварони тоҷик” ироа гардид, ки бахшида ба соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омода гашта буд.
Дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Қаюмова Ф. аз нашри зиёда аз 20 китоби нав мужда расонид.
Дар идомаи маҳфил маърӯзаи пурмӯҳтавои дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов дар мавзӯи “Назаре ба рӯзгор ва осори нависанда Пӯлод Толис” қироат шуд. Инчунин дар маҳфили мазкур шоира Дилором, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Шарифҷон Тоҷибоев баромад карданд.
Дар ҷарайёни маҳфил Сароянда Ҳусейнҷон Юсупов ва Содиқҷон Машарифов ҳунарнамоӣ карданд.
Зимни маҳфил тасмим шуд,ки дар соли равон як маҳфиле бо номи “Шинохти ҳунар” таъсис дода мешавад ва ин иқдом ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли равон роҳандозӣ мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







