ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - МАКТАБИ ҶАСОРАТ ВА САДОҚАТ БА ВАТАН
2018-02-21

Ба муносибати ҷашни 25 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар хобгоҳи №9-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Тарбия дар руҳияи бунёдкорӣ ва созандагӣ» баргузор гардид. Конфронсро декани факултети таърих ва ҳуқуқ Маҳмудова Н.С. ҳусни оғоз бахшида, донишҷўёни хобгоҳро бо фарорасии иди Артиши миллӣ табрик намуд ва қайд кард, ки ҷомеаи имрўза ба насли дар руҳияи ватандўстию худшиносии миллӣ ба воя расида эҳтиёҷ дорад. “Ҷавонони мо бояд дастовардҳои истиқлолияти давлати азизамонро ҳифз кунанд, аз навгониҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор бошанд ва номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд” гуфт, мавсуф. Пас аз он тибқи барномаи конфронс маърўзаи дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ Раҳматова М. дар мавзўи «Қувваҳои Мусаллаҳ - мактаби ҷасорат ва садоқат ба Ватан» ва номзади илмҳои таърих Ҳошимова Ш. дар мавзўи «Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ» шунида шуд.

Шоистаи зикр аст, ки ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар донишҷўён сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, садоқат ба Ватан ва амсоли ин хусусиятҳои муҳимро ташаккул дода, онҳоро водор месозад, ки нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқидӣ назар кунанд, Ватани хешро дўст доранд, манфиатҳои онро ҳимоя намоянд ва ҳамчун ҷавони созанда, бунёдкор дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

 

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:534 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар