ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҲАФТАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲӢ ДАР КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
2018-02-22

Баҳри иҷрои талаботҳои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар донишгоҳ ҳафтаи илм эълон гардидааст. Ба ин муносибат дар кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ баргузор гардид, ки дар он, ноибректори  шӯъбаи илм ва инноватсия профеессор Сабуров Х. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Дар оғози  конфронс  профессор Сабуров Х. ҳозиронро бо кушодашавии ҳафтаи илм дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ табрик намуда, ба ҳамаи иштирокчиён бурдбориҳо таманно намуд.

Дар конфронс  дотсент Абдураҳмонов Р. И., саромӯзгорон Каримова Д. А., Абдувалиева Н. Ю., Атаева Ҳ. Ғ., омӯзгорон Ҳасанова М. И., Комилова М. А. бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд. Маърӯзаҳо оид ба муаммоҳои актуалии забоншиносии тоҷик ва англиси, инчунин доир ба  усулҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:584 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар