Дар партави супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи КИИ Б. Ғафуров дар назди Кумитаи маҳаллаи Раззоқ ҳисоботи фаъолияти солонаи худро доир намуд. Ҷаласаро Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, ректори Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд. Сипас, аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ баромади муфассал оид ба фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии он манзури аҳли нишаст гардид.
Пас аз суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар перомуни ҷаласаи ҷумҳуриявии Комитети марказии ҳизб сухан ронда, оид ба дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру андешаҳои худро баён намуда, ба иштирокчиён муроҷиат намуд, ки дар самти фаъолияти худ ҳама қишрҳои ҷомеа аз ҷумла кумитаҳои иҷроияи вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамчунин зерсохторҳои он баҳри дар амал татбиқ намудани супоришоти Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош варзанд.
Баъдан аъзоён, намояндагон ва собиқадорони ҳизб ба музокира баромада, оид ба фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ибрози назар карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







