Бахшида ба Ҳафтаи илм, дар факултети забонҳои шарқ семинари илмӣ-намунавӣ таҳти унвони “Истифодаи тахтаи интерактивӣ ва маводҳои мултимедӣ дар раванди таълим” доир гардид. Нахуст мудири кафедраи мазкур, дотсент Ҳ. Аҳмедов аз мақсади ташкил кардани ин семинар маълумот дод. Номбурда дар баромади хеш зикр намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Сармуаллимони кафедраи умумидонишгоҳии информатика Набиева М. дар мавзӯи “Истифодаи тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим” ва Икромова И. дар мавзӯи “Истифодаи маводҳои мултимедӣ дар раванди таълим” ҳозиринро бо тарзҳои истифодабарии тахтаи интерактивӣ шинос намуданд.
Гуфта мешавад, ки семинари мазкур маҳз барои самаранок гардонидани фаъолияти омӯзгорон оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим равона шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил







