Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ ва ҳафтаи илм дар факултети санъати тасвирӣ ва технология муаррифии китоби Пешвои миллат «Забони миллат-ҳастии миллат» баргузор гардид. Сараввал, дар бораи Рўзи байналмилалии забони модарӣ муаллими кафедра Ҳусанбоев Н. гузориш дода, дар атрофи масъалаҳои мубрами марбут ба соҳаи забоншиносӣ ибрози ақида намуд. Оид ба мазмун ва мундариҷаи китоби Пешвои миллат «Забони миллат-ҳастии миллат» дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ Муҳаммадиев Ш. андешаронӣ намуд.
Сипас, аз ҷониби донишҷўёни факултети санъати тасвирӣ ва технология дар ситоиш ва тараннуми забон шеърҳо қироат карда шуд.
Чорабиниро баромади муовини декан оид ба корҳои илмии факултети санъати тасвирӣ ва технология Дадобоева М. ҳусни анҷом бахшид
Маркази иттилоот ва таҳлил







