ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
2018-02-26

Дар факултети филологияи рус чорабинии сиёсӣ -фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро декани факултет номзади илмҳои филологӣ дотсент Дӯсматова Шаҳло  оғоз намуда, тамоми низомиён дар қатори онҳо тамоми  мардони далеру шуҷои кишварро бо фарорасии ин ҷашни муҳим шодбош гуфт. Инчунин дар рафти чорабинии мазкур муаллимаи ин кафедра Светлана Нуждина бо маърӯзаи худ оид ба ҳиссаи аскарони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ки давраи хонумонсӯз барои миллат буд, иттилои муфассал дод. Дар чорбинии мазкур донишҷӯёни факултет бо барномаи ҷолиби хеш аҳли нишастро масрур гардониданд.

Бино ба гуфтаи ифтирокчиён ва ташкилкунандагон, ин чорабинӣ бо мақсади дар байни ҷавонон бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ, нангу номуси ватандорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳуввияти миллӣ роҳандозӣ шудааст.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:513 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар