Дар факултети санъати донишгоҳ бахшида ба Рузи Артиши миллии Тоҷикистон вохурӣ бо собиқадорони ҷанги Афғонистон ва муҳофизони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ректори донишгох, профессор Ҷамшед Ҷӯразода аҳли нишастро бо ин чашни фархунда табрик намуда чорбиниро ифтитоҳ бахшид. Баъдан мавсуф перомуни масъалаи икдомхои нахустини таъсиси Артиши миллӣ маърӯза намуд. Ҳамчунин номбурда аз кулли бурдборихову пирузихое, ки ба даврони Истиклолияти таърихии точикон иртиботи қавӣ дорад, махсус кайд намуд. Баъдан ба иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва собикадорони чанги дохилии кишвар, ки барои хифзи сохти конститутсионӣ хизматхои шоён адо намудаанд, сипосномаҳои рохбарияти донишгох супорида шуд. Дар вохурӣ устодон ва донишчуёни факултети санъат барномаи консерти аз асархои мусиқии миллӣ ва аз композиторони муосир пешкаши мехмонон ва иштирокчиён намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







