Дар факултети геоэкология чорабинии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ширкатҳои туристӣ ва мавқеъи онҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид. Дар он муовини директори Ширкати “Суғдиён-Помир-Тур” Абдухалилов Абдуҷалил ва намояндаи ширкати “ББ-Тур Наргис” Шомуродов Самандар, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Худойбердиев ва устодону донишҷӯёни факулетет ҳузур доштанд.Чорабиниро сармуаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Муинова З.М ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан муовини директори ширкати туристии “Суғдиён-Помир-Тур” Абдухалилов А. оид ба фаъолияти ширкати мазкур, аз таърихи ташкил ва тараққиёти ширкат, мақсад ва вазифаҳои он, ҳуҷҷатнигорӣ дар ин соҳа ва муаммоҳои мавҷуда маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар ҷумҳурии мо самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сайёҳӣ: ин пеш аз ҳама сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки “Соли 2018, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, мақсад аз ташкили ин чорабинӣ низ тақвият бахшидани соҳаи туризм ва бо ин васила тасеаи муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷомеаи мутамаддин мебошад”. Пас аз он намояндаи ширкати “ББ-тур Наргис” Шомуродов С. дар бораи самтҳои асосии фаъолияти ин ширкат маълумот дод.
Маркази иттилоот ва таҳлил







