ба қафо
РАФТИ МАЪРАКАИ “ОБУНА-2018 ДАР ДОНИШГОҲ”
2017-09-26
То моҳи сентябри соли 2017 супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №26/10-153 «Оид ба иҷрои нақша обуна ба рўзномаю ҳафтаномаҳо барои соли 2018», супориши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2017, №01/1-616 «Дар бораи обунаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба нашрияҳои соҳавӣ», қарори Раиси вилояти Суғд аз 03 августи соли 2017, № 343 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ барои соли 2018», қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 18.08.2017, №477, мактуби муовини раиси шаҳри Хуҷанд аз 25.08.2017, №3/7-1745 ба унвони донишгоҳ ворид гардид дар асоси он фармоиши ректори донишгоҳ аз 8.09.2017, №341 ба тасвиб расида буд.
Имрўз дар факултети физикаю техника тибқи тақсимоти раёсати Донишгоҳ нақшаи Обуна-2018 ба 17 номгў ба миқдори 66 нусха рўзномаву маҷаллаҳои шаҳриву вилоятӣ ва Ҷумҳуриявӣ ба миқдори 7191с.70д. ба пуррагӣ иҷро гардид.
Садорати факултет тасмим гирифтааст, ки рўзҳои наздик обуна ба рўзномаи Донишгоҳии «Нури маърифат» ва маҷаллаи «Номаи Донишгоҳ»-ро низ ба пуррагӣ иҷро намояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:486 нафар
баён кардани ахборот