Дар факултети педагогӣ маҳфили навбатии «Фарҳанги оиладорӣ» бо иштироки намояндаи кумитаи кор бо занони МИҲД шахри Хучанд, раиси Шурои бонувони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров З. Раҷабова, собиқадори меҳнат Р. Мухаммадаминова, раиси Шўрои бонувони факултетҳои мухталиф ва донишчуёни факултетҳои даъватшуда баргузор гардид.Маҳфилро раиси Шурои бонувони донишгох З.Рачабова оғоз намуда, мақсад, мавзуъ, ахамияти баргузории маҳфили мазкурро кайд намуд. Номбурда таъкид кард, ки барои баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, риояи қатъии талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мустаҳкамиву солимии оилаҳои ҷавон, расидан ба қадри арзишхои гаронбаҳои миллӣ, дуруст ба рох мондани тарбияи фарзандон бояд чорҳои судманд андешид. Сипас, сармуаллимаи кафедраи психологияи касбӣ ва иҷтимоӣ оид ба мавзуи «Психологияи муносибатхои байнишахсӣ дар оила» маърўза намуд. Маърўза фарогири масъалаи дуруст ба рох мондани муносибати равонии аъзоёни оила ва роҳҳои пешгирии низоъҳои оилавӣ буд. Баъди шунидани маъруза байни аҳли нишаст суолу чавоб ва суҳбати озод сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил







