ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ ЗЕБОӢ ВА ҲУНАР
2018-03-05

Дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳфил таҳти унвони «Тоҷикистон сарзамини зебоӣ ва ҳунар» доир гардид. Маҳфил дар ду бахш иборат буда, қисми нахустини онро намоиши асарҳои тозанашр, ҳунарҳои дастӣ ва сурату муҷассамаҳо ташкил фаро гирифтааст. Намоиши мазкурро китобхонаи марказии донишгоҳ бо ҳамдастӣ бо факултетҳои санъати тасвирӣ ва технология, педагогӣ ва санъат ташкил намуданд. Дар қисми дуюм ва асосии маҳфил маърўзаҳои илмӣ доир ба кўҳсори Тоҷикистон ҳамчун манбаи рушди туризми дохилӣ ва хориҷӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ дар марҳалаи навин, истифодаи микониятҳои табиӣ-географӣ барои инкишфи минбаъдаи Точикистон ба сифати кишвари рушдёбанда дар соҳаи туризм  ироа гардиданд. Дар кори маҳфил намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Манзура Шамсиева, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сабуров Хайрулло Мирзоевич, Раиси занони Кумитиаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дотсент Бобоева Зеварой Субҳоновна, ва инчунин устодону донишҷўёни факултети педагогӣ, санъати тасвирӣ ва технология ва геоэкология иштирок намуданд.  Бояд қайд кард, ки ташкили чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои тарғиби сиёсати хирдамандона ва дурбинони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:551 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар