Ҳафтаи қаблӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як қатор тағйироти кадрӣ ба вуқўъ пайваст, ки тибқи он дар асоси Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2018, таҳти №982 Давлатзода Рухсора ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ таъйин карда шуд.
Шамсиддинов Мўъмин Иномҷонович дар асоси Фармоиши ректори донишгоҳ аз 1-уми марти соли 2018, таҳти рақами 53 аз вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ озод гардида, тариқи интиқол ба вазифаи декани факултети физика ва техника таъйин гардид.
Собиқ декани факултети физика ва техника Назаров Раим Раҳмонович бо Фармоиши ректори донишгоҳ аз 1-уми марти соли 2018, таҳти №52 тариқи интиқол ба вазифаи сардори маркази тести Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин карда шуд.
Маркази таҳлил ва иттилоот







