ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИИ ИМРӮЗА ВА ОЯНДА
2018-03-06

Бо ташаббуси шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар  факултети  телекоммуникатсия  ва технологияҳои  иттилоотӣ дар назди кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ, синфхонаи 331, бо иштироки 85 нафар донишҷӯёни ихтисоси системахои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ ва устодони кафедра  бо намояндаи ҶСП “Мегафон” дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ – амалӣ дар мавзӯи  “Телефони мобилии имрӯза ва оянда” баргузор гардид.

Сухани аввалинро сардори ташкилоти  ҶСП “Тоҷиктелеком” дар шаҳри Гулистон Сайдуллоев Умед дар мавзӯи “Таърихи тарақиёти алоқа” ва роҳбари шӯъбаи техникӣ ҶСП “ТК-мобайл” дар вилояти Суғд Зайнидинов Ҷаҳонгир дар мавзӯи “Технологияи алоқаи ҳозиразамон ва дар оянда” муарифӣ намуданд.

Дар семинари илмӣ–амалии мазкур ҳамчунин корманди техникии ҶСП “Мегафон” Ҳакимхӯҷаев Фахридин бо донишҷӯён дар соҳаи системаҳои телекоммуникатсионӣ суолу  ҷавоб намуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:256 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар