ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҶЎРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ МОДАР - 8 МАРТ
2018-03-06

Бонувони арҷманд,

Модарону хоҳарони азиз!

Дар ин рўзҳои накҳатангези баҳору наврўзӣ бо камоли мамнунӣ ва як ҷаҳон ифтихор ҳар яки Шуморо бо фарорасии иди зебои бонувон, Рўзи Модар – 8 март табрику муборакбод мегўем.

Ба ҳар кадоматон ва дар шахси Шумо ба тамоми бонувони азиз бахту иқболи нек, хонаободӣ, сарбаландӣ, осудаҳолӣ ва саодати рўзгорро таманно менамоям.

Модар азизтарин вуҷуди рўи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавоз ва домони поки ў оғоз меёбад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ ва нахустин мураббии фарзанд аст. 

Аз ин рў, мо ҳамеша ҷашни фараҳбахши Шумоён – модарону хоҳарони азизро бо як ҷаҳон шодию нишот ва эҳсоси гарм истиқбол мегирем. Ба оғози фасли баҳор рост омадани Иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати онро дучанд меафзояд. Дар ин падида як рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст.

Зеро зан ва баҳор дар баёни рисолату муҳаббати ҳастии зиндагӣ нақши мутаносиб доранд. Ин нукта ва нақши созандаи Шумоён – бонувони арҷманд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоҳида таъкид шудааст: «Мо бо такя ба нексириштӣ ва азму талошҳои созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, Тоҷикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод».

Бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Ба ин маънӣ имрўз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.

Занону модарони тоҷик бо покиву ҳамидагӣ, таҳаммулу хушрафториашон гули сари сабад ва намунаи ибрати дигаронанд.

Зиндагинома ва фаъолияти доманадори онҳо дар ҷабҳаҳои мухталифи халқ, саҳми назаррасу беназирашон дар рушду нумўи фарҳангу тамаддун, маърифату  заковати баландашон дар роҳи таълиму тарбияи наслҳо дар руҳияи ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ, намунаи олии ҳаёти солим ва пурифтихори дирўзу имрўз ва фардост.

Дар симои Шумо – бонувони мўҳтарами донишгоҳ ҳамаи ин хислату хусусиятҳои наҷибро дида, аз он меболем, ки ҷомеаи меҳнатии моро чунин занони барўманду сарбаланд файзу нусрати тоза мебахшанд.

Имрўз дар арафаи иди зебои бонувон – 8 март номи бисёре аз бонувони барўманди донишгоҳ, олимаҳою устодони шинохта ва кормандони боғайратро метавон ба забон овард, ки дар ташаккули нерўи зеҳнии донишандўзони ҷавон, ба дараҷаи стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани сатҳу сифати таълиму тарбия кўшиши зиёд ба кор мебаранд. Туфайли меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками Шумо - занони ғайратманд боргоҳи илму маърифатамон дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвару берун аз марзи он рўз то рўз мавқеи сазоворро соҳиб мегардад.

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст. Ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд.

Вобаста ба ин эҳтироми зан, шинохти қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахш, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони азизи худ арҷи шоиста гузошта тавонем.

Бо ифодаи ин ҳама бузургии зан – модар бори дигар ба ҳар яки Шумо эҳтирому самимияти ҷомеаи мардони донишгоҳро баён сохта, дар шахси Шумо тамоми модарони азиз, хоҳарони мушфиқро бо фаро расидани иди фархундаи 8 март – иди таҷассуми зебоиву сарсабзӣ самимона табрику муборакбод мегўем.

Ба ҳамаатон тани сиҳат, рўҳи болида, рўзгори обод ва дар кору фаъолияти созандаатон дастовардҳои бузург орзумандем.

Бигзор ҳамеша дастархонатон пурфайзу баракат, чароғи хонадонатон фурўзону машъали умратон дурахшон бошад.

 Ид муборак, хоҳарону модарони азиз!

          

 маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:461 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар