ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ДОНИШҶӮ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ
2018-03-09

Бахшида ба муносибати Рӯзи модарон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар бинои таълимии №3 маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатика, таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”доир гардид.

Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшид. Иштирокчиёни навбатии ин маҳфили номбурда донишҷўёни соли аввали факултети забонҳои хориҷӣ буданд.

Озмуни мазкур аз рўи 3 шарт «Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ», «Кор бо тахтаи электронӣ» ва «Ворид намудани матн ба компютер» ба роҳ монда шуд, ки донишҷўён бо лаёқати баланд иҷро намуданд. 

Дар маҳфил аз тарафи устодони кафедра ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар муайян карда шуданд, ки онҳо баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ менамуданд.

Сазовори ҷойи якум донишҷўйи соли аввали факултети забонҳои хориҷӣ Муродӣ Зӯҳро гурӯҳи 108, ҷойи дуюм Бӯрибоева Марғуба  гурӯҳи 111 ва ниҳоят зинаи сеюм насиби Ғозиева Волида аз гурӯҳи 102 гардид.

Дар хотима дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов барои ғолибони маҳфил аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтихорнома ва дигар тўҳфаҳои хотиравиро супорид.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:285 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар