ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЗАН ЧАРОҒИ ХОНАДОН
2018-03-12

Таҳти чунин унвон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар дар толори хобгоҳи №3-и донишгоҳ бо иштироки устодон ва гулдухтарони ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.

Ба чорабинӣ устоди кафедраи умумидонишгоҳии  сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ М. Қурбонова ҳусни ифтитоҳ бахшида, тамоми меҳмонон ва донишxeёнро бо фарорасии фасли баҳор ва  Рӯзи модар табрику муборак бод намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки занҳо фариштаи рӯи замин, чароғи хонадон, роҳнамои фарзандон мебошанд.

Сипас, дотсенти кафедраи мазкур Т. Каримова  аз таърихи ҷашн гирифтани Рӯзи модар маърӯза кард. Аз баромади пурмӯҳтавои муаллима Т. Каримова бармеояд, ки дар гузашта мардумони ориёӣ низ ҳамин гуна як ҷашни қадимае бахшида ба Рӯзи гиромидошти офарандаи ҳаёт, Зан – Модар мавҷуд будааст. Баъдан барои болидахотирии аҳли нишаст, донишҷӯёни факултети педагогӣ барномаи фарҳангиву фароғатиеро манзури меҳмонон гардониданд, ки он бо роҳбарии муаллимаи ҷавон Р.Абдуҷабборова омода гардидааст. Дар ин қисмати чорабини донишҷӯдухтарон  дар васфи Зан – модар, шеърҳо, суруду тарона, гуфторҳо аз бузургон, саҳначаҳои тарбиявӣ ва таманни        ётҳои накӯро эҳдо намуданд, ки он аз тарафи тамошобинон хуш пазируфта шуд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:627 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар