Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ бахшида ба Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикор ва иштироки донифшҷӯёни гурӯҳи 310, ихтисоси назария ва амалияи тарҷумаи забони англисӣ викторинаи илмӣ дар мавзӯи “Tourism”(Саёҳат) баргузор гардид.
Викторина аз бахшҳои гуногун, чун муаррифиҳо, саволу ҷавоб, пур кардани кроссворд доири гӯшаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва табииву хушманзараи ватанамон иборат буда, дар иҷрои он натанҳо донишҷӯён, балки омӯзгорон низ фаъол буданд.
Дар бахши муаррифиҳо донишҷӯён дар бораи гӯшаҳои хушманзараи Тоҷикистон, мавзеҳои таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷойҳои тамошобоби сайёҳӣ маълумоти пурра ва муфассал доданд. Ин маълумотҳоро онҳо ҳангоми машғулиятҳо аз фанни роҳбалад – тарҷумон, ки бо роҳбарии саромӯзгор Файзуллоев Ф.Ӯ. гузаронида мешуданд, омӯхтаанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







