ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҶЛИЛИ РУЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШГОҲ
2017-09-04

Санаи 1-уми сентябри соли равон дар тамоми биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Рўзи Дониш таҷлил карда шуд.
Дар ошёнаи аввали бинои таълимии №2-и донишгоҳ бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Карими Шариф, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода, устодон ва донишҷўёни факултети забонҳои хориҷӣ тариқи оинаи нилгун суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рўзи Дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, тамошо намуданд.
Сипас, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2017-2018-ро ба ҳамаи донишҷўён таҳният гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ, рўзгори обод, кору таҳсили намунавиро орзу намуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Карими Шариф Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рўзи дониш ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: «Рӯзи дониш оғози тараддудҳои фараҳбахши аҳли маорифи кишвар барои таълиму тарбияи сазовори насли ояндасоз маҳсуб гардида, талошҳои онҳо дар ин ҷода самараҳои дилхоҳ ба бор меоранд. Зеро таъмин намудани рушди ояндаи давлат ба масъалае робитаи мустаҳкам дорад, ки мо дар кадом сатҳ насли босаводу худогоҳ ва соҳибмаърифату ватандӯстро тарбия карда, ба воя мерасонем».
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ироа намуд, ки аз ҷумла гуфта мешавад: «Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорем». 
Баъдан доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов, донишҷўйи соли аввали факултети биология-химия Шоҳина Икромова баромад намуданд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар донишҷўёни соли аввал «Дафтарчаи имтиҳонӣ» ва «Гувоҳномаи донишҷўӣ» супорида шуд.
Аз ҷониби ансамбли «Навои ҷавонӣ»-и донишгоҳ таҳти роҳбарии Ҳусейн Юсуфов «Суруди донишгоҳ» ва «Истиқлол» садо дод.
Боиси хушнудист, ки дар чаҳорчӯбаи ҷашни Рӯзи Дониш дар шафати бинои якуми донишгоҳ майдончаҳои варзишии наъи футбол ва баскетбол кушода шуд. 
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 
Аз назар гузарониданд:734 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар