ба қафо
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА
2017-09-26
Тибқи нақшаи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ санаи 25-уми сентябри соли 2017 дар факултети физикаю техника бахшида ба Иди Рӯзи забон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Умри миллат ба умри забон вобаста аст” бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ Д. Бобоҷонова ва З. Ҳомидова гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ забоншиносон - Раиси Комиссияи донишгоҳ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ, профессор А. Абдуқодиров, доктори илмҳои филология, профессор Толиб Ваҳҳобов, адиби ҷавон Абдуманнони Хаммор ва омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок доштанд. Дар чорабинӣ забоншиносон перомуни мақом ва бузургдошти забони давлатӣ мулоқот доир намуданд. Азҷумла, адиби ҷавон Абдуманнони Хаммор доир ба қадру манзалати забони тоҷикӣ сухан ронда, аз ашъори тозаэҷоди худ баҳри донишҷӯён дар васфи Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд.
Барои хотирмон гузаштани чорабинӣ донишҷӯёни курси 1-уми факултет низ оид ба забон аз ашъори бузургон шеъру гуфторҳо қироат намуданд. Инчунин баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби донишҷӯён саҳнача ва рақсу суруд хонда намоиш дода шуд. Дар охир барои меҳмонон ва донишҷӯён тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:535 нафар
баён кардани ахборот