Дар толори факултети физика ва техникаи Донишгоҳ бахшида ба омад омади Наврӯзи оламафрӯз аз ҷониби маҳфили “Гулчини адаб”-и назди кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни факултети филологияи рус, математика, физика ва техника бо табрикнома, қироати шеърҳо, хондани суруд, рақсҳои ҷолиб ва иҷрои саҳначаҳо баромад намуданд. Дар чорабинӣ декани факултети физика ва техника дотсент Шамсиддинов М, намоянда аз шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, иштирок намуданд. Чорабинӣ бо тантана ва бо тайёрии пухта гузаронида шуда, дар он оиди пайдоиши таърихи Наврӯз, урфу анъанаҳои ниёгонамон сухан ронда шуд. Ҷиҳати эълон шудани соли 2018 - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар чорабинӣ либосҳои дастидӯхт, тоқиҳои бофта, чилкокул, куртаҳои чакан ва сӯзаниҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







