ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ҶЎРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ИДИ НАВРЎЗ
2018-03-16

Устодони муҳтарам!

Донишҷўёни гиромӣ!

Нахуст дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки баҳори фаррухпай ба сарзамини мо қадамҳои муборак хешро  мегузорад, фарорасии ҷашни  ҷаҳонии Наврўзро бароятон таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ҳузури ин баҳор ва ин ҷашни хуҷаста имсолу солиёни дигар ба  ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми азизи кишвар рўзҳои офтобиву гулрез, фаровониву нусратёрӣ, дастархони пур аз нозу неъматро чун ҳадяи беҳтарини идона ато оварад.  

Наврўзи ҷаҳонӣ, ки таърихи пайдоиши  он дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ҷашни бузург ба даврони дур мерасад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва  унсури тамаддуни миллии айни замон ҷаҳонишудаи гузаштагони мо дар дарозои зиёда аз чандин ҳазорсол тамоми инсониятро ба созандагиву офаринандагӣ, кўшиш барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ, зуҳури корномаҳои барҷаста ҳидоят намудааст. Ниёгони мо ҷашни Наврўзро ба унвони иди оғози сол ва таъбири худи тоҷикон иди сари сол ва рўзи оғози офариниш таҷлил карда, пайдоиши онро ба Ҷамшед нахустин подшоҳи ориёӣ нисбат медиҳанд,ки шарҳи муфассали он дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рафтааст. Ин андеша дар муҳимтарин осори дигари таърихиву ҷуғрофӣ даврони баъдӣ низ таҳриру такмил пазируфтааст.

Ҷаҳонишавии Наврўз, ки аз муҳимтарин падидаҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар баробари рамзи ифтихор ва саодатёрии мо тоҷикон ва ворисони ин ҷашни ҳумоюнӣ будан, водор месозад, ки барои минбаъд бо беҳтарин сатҳ ва ваҷҳ эҳё намудани маҷмўи суннатҳои ахлоқиву маънавӣ, фарҳангиву миллии он иқдом намуда, олитарин фазилатҳои инсонгароёнаи маҷмўи одобу русум ва оинҳои Наврўзи Аҷамро барои ҷаҳони имрўз ҳамасола манзур намоем. Нуфузи оинҳои Наврўз дар миёни мардумони дигар ва ҳамзамон фазилати пурбаракоти пайванди Наврўз ба табиат аз замони пайдоиши он, ки сарчашмаи падидаҳои созандагиву офаринандагӣ, ободкориву покизарафторӣ, сабзонидану парвариши дарахтон, бунёди боғу роғ ва амсоли ин дар таркиби фарҳанги Наврўз маҳсуб мешавад, дар тамоми мароҳили таърихии ташаккули ин ҷашни бузург тақвият пайдо намуда, на танҳо меросбарони худ, балки мардумони мухталифро ба сўи арзишҳои олӣ,  камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоятгарӣ кардааст.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва тавассути иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин суннат ва анъанаҳои Наврўзӣ бо сурат ва шеваи навин ҷой эҳё мешаванд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанўз аз айёми мавҷудияти давлатҳои аввалин дар марзи кунунии кишвари мо таҷлили Наврўз дар ҳар минтақа  аз падидаҳои хосае бархурдор буда, ки ҳамин омил боиси ҳифзи мафоҳим ва ҷашну маросимҳое бо номи «Наврўзи Суғд», «Наврўзи Бохтар», Наврўзи Бадахшон», «Наврўзи Хатлон» гардидааст. Барои баҳравар шудан аз ин таҷрибаи нодири ниёгони шарафманди хеш  ва бо мақсади эҳёи чунин анъанаи наҷиби Наврўз бо ибтикори бевоситаи  Асосггузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҳамасола дар яке аз манотиқи Тоҷикистон ба унвони рамзи муҳими таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ таҷлил гардида, ва аз ин роҳ суннатҳои дерини аҷдоди шарафманди мо дар гиромидошти Наврўз барқарор ва устувор мешаванд. Имсол низ дар идомаи ҳамин суннати дерина таҷлили ҷашни Наврўз дар яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон – Панҷакент доир шуда, барои эҳёи суннат ва оинҳои  дигари куҳани наврўзии гузаштагони мо мусоидат хоҳад намуд. Бо мақсади татбиқи муваффақонаи ин ҳадафҳои наҷиби Пешвои миллат дар самти тарғиби оинҳои ҷашни Наврўз ҳамчун тадбирҳои ваҳдатофарин ва тарғибгари ҳамдилигии мардум  Раёсати донишгоҳ низ тасмим гирифт, ки дар барномаи чорабиниҳои наврўзии имсола  намоиши либос, расму оинҳо ва маросимҳои наврўзии манотиқи мухталифи Тоҷикистонро ба намоиш гузорад. Боиси қаноатмандии мост, ки бо шарофати сиёсати ваҳдатшиоронаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи мо низ аз тамоми манотиқи кишвар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи ҷашни Наврўз барои мустаҳкам гардидани дўстиву рафоқати онҳо мусоидат менамояд.

Ҳузури Наврўзи Аҷам дар қаламрави имсол барои тамоми мардуми тоҷик аз чанд ҷиҳат хотирмон ва фаромўшнопазир хоҳад буд. Тавре ҳамагон огоҳ ҳастам, имсол бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Фарҳанги Наврўз, ки ҳунарҳои мардумӣ яке аз рукнҳои барҷастаи онро ба вуҷуд овардааст, дар заминаи эҳёи ин ҳунарҳо ва тарғибу ташвиқи он боз ҳам пуррангтару ғанитар мегардад.  Қобили таъкид аст,ки барои расидан ба ин ҳадафҳои наҷиби татбиқи барномаҳои соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  аз оғози сол корҳои муайяну шоистае ба сомон расонида мешаванд. Барои ҷалби ҳарчӣ бештари донишҷўёнҷудухтарони донишгоҳ ба ҳунарҳои мардумӣ ва боло бурдани маҳорати касбомўзии онҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳфилҳои “Сеҳри сўзан” ва “Гулчини ҳунар” ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар доираи баргузории онҳо бонувону духтарони ҳунарманди донишгоҳ имконияти такмили ҳунарҳои худро пайдо менамояд. Баробари ин, мавҷудияти ин маҳфилҳо, ҷиҳати кашфи истеъдодҳои нодир дар байни донишҷўдухтарон мусоидат хоҳад намуд. Дар баробари ин, имрўз дар доираи баргузории чорабиниҳои Наврўзӣ низ баргузор шудани намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ моро бовар мекунонад, ки натиҷаҳо ва маҳсули ҳунарҳои дастии бонувони донишгоҳ беҳтарин ҳадяҳои наврўзии онҳо ба ин ҷашни ҳуҷастаи аҷдодӣ хоҳанд буд.

Дар доираи имкониятҳои Донишгоҳи мо расидан ба ҳадафҳои наҷиби рушди сайёҳӣ ва ташаккули ҳунарҳои мардумӣ шароити хуб фароҳам аст. Айни замон дар факулети геоэкология барои тайёр намудани мутахассисони риштаҳои сайёҳӣ, омўзиши табиати тоҷикон ва имкониятҳои маърифати ёдгориҳои табиӣ ва тарғибу ташвиқи онҳо шароити муносиб мавҷуд аст. Боварии комил дорам, ки устодону донишҷўёни факултет шароити фароҳамомадаро босамар истифода мебаранд ва аз ин роҳ дар тарғибу ташвиқи табиат ва ёдгориҳои табиии Тоҷикистони азиз ҳамчун фарзандони ин диёри арҷманд саҳми арзандае хоҳанд гузошт.

Дар доираи фаъолияти факултетҳои санъат, инчунин санъати тасвирӣ ва дизайни графикӣ, бошад айни замон донишҷўён муҳимтарин нозукиҳои санъат, наққошиву рассомӣ ва ҳунарҳои мардумиро меомўзанд, то дар давоми соли равон беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои дастиро ба намоиш гузоранд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид ва таъкид  намудаанд, ки “Маросимҳои наврўзии мардуми тоҷик ҷолибу зебо ва нотакроранд. Аз файзи истиқлолият аст, ки Наврўз дар саросари Тоҷикистон бо тантанаҳои бошукўҳ баргузор мегардад”. Бо ин мақсад пайваста талқин менамоянд, ки ҷомеашиносону олимон, муҳаққиқону донишварон дар самти фароҳам овардан ва омўзиши оинҳои наврўзии саросари мамлакат, инчунин таҳқиқи сарчашмаҳои зуҳури наврўз ва сайри таърихии он тадқиқоти илмӣ ба анҷом расонида, аз ин роҳ дар тарғибу ташвиқи ин суннатҳои барҷаста саҳми муносиби хешро гузоранд. Қобили таъкид аст, ки бо мақсади иҷрои ин ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону олимони донишгоҳи мо пайваста  кўшиш ба харҷ намуда, бо таълифи мақолаву маҷмўаҳои илмӣ, тарғибу ташвиқи расму оинҳои наврўзӣ ташаббус зоҳир месозанд.  

Бо ин орзу ва таманноҳои нек бори дигар фарорасии Наврўзи оламафрўзро  ба ҳама Шумо устодону донишҷўён  табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки   тамоми сол дастурхони шумо чун хони имрўзаи наврўзӣ пур аз неъмату баракот бошаду  то ба наврўзҳои дигар лаҳзаҳои гулрезу гулбез бо  шодиву орзуҳои зиёд, сарбаландиву сарсабзиҳо,  барору комгорӣ ва комёбиҳо ҳамсафару ҳамроҳатон бошад.

Наврўзатон фирўз бод,

Ҳар рўзатон Наврўз бод!

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

  

 

 

Аз назар гузарониданд:690 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар