Дар факултети физикаю техника семинари илмӣ-назариявии намунавӣ ва ҷамбасти ҳафтаи илмии факултет гузаронида шуд. Дар семинар профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Файзиев И. таҳти унвони “Таълими инкишофёбанда ва хусусиятҳои истифодабарии он дар ҷараёни таълими физика” маърӯза намуд. Мавсуф оид ба паҳлуҳои асосии таълими инкишофёбанда яъне салоҳиятноки маълумотҳои илмӣ пешниҳод намуд. Оиди мавзӯи баёнгардида музокира баргузор гардид, ки устод ба саволҳои пешкашгардида ҷавобҳои мушаххас бо факту далелҳо пешниҳод намуд.
Дар ҷамбаст декани факултет Шамсидинов М. ба ташкилкунандагон ва баромадкунади семинари илмӣ-назариявии намунавӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҳафтаи илмии факултет изҳори миннатдорӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки санаи 12-марти соли равон озмуни навоварон ва ихтироъкорон, 14-март конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Наврӯз – ҷашни ниёгон” ва мизи мудаввар оид ба “Навовариҳои илмии муосир, санаи 15-март олимпиадаи донишҷӯёни болаёқат аз фанни физика дар факултет баргузор карда шуданд. Дасоварди дигар ин ба ҳафтаи илмии факултет мувофиқ омадани баргузории озмуни донишҷӯён дар назди Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он ду нафар донишҷӯёни факултет аз фанҳои физика ва астрономия дар озмун ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







