Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҷашни байналмилалӣ гардид. Имрӯзҳо дар сар то сари кишвар чорабиниҳову маҳфилҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай гузаронида шуда истодааст.
Дар арафаи Наврӯзи дилафрӯз дар факултети педагогии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар он ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо аҳли раёсат иштирок ва суханронӣ намуд. Даромадгоҳи факултет бо сӯзаниҳои қадима, ки аз ҳунарҳои мардумӣ кишвар дарак медиҳад, оро дода шуда буд. Ба муносибати фарорасии Наврӯз аз рӯи анъана ва суннатҳои қадимаи мардуми мо дастархони Наврӯзии факултет бо суннатҳои идонаи ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда буд, ки баробари тамошои он аз ҳунари пазандагии модарони тоҷик бинанда огоҳ мегашт.
Ҷамшед Ҷӯразода ҳамаи чизҳои ба намоиш гузоштаро аз назар гузаронида, барои ороиши хубу зебо ба донишҷӯён ва устодони факултет баҳои баланд дода, чунин изҳор дошт: Ман, дар истиқболи Наврӯзи соли гузаштаи факултети педагогӣ иштирок намуда будам ва хушбахтона имсол низ дар иҳотаи ҳамкорону шогирдон ҳастам. Ин барномае, ки аз тарафи устодон ва донишҷӯёни факултет омода шуд, дарак аз анъанаю суннатҳои неки ниёгонамон дарак медиҳад, зеро дар симои ҳар як иштирокчӣ хушнудии Наврӯзӣ дида мешавад ва ин санаи фархундаро таҳният мегӯям.
Аз тарафи донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд, ки дар он донишҷӯён оид ба иди Наврӯз щеъру гуфтор, суруду тарона, саҳнаҳои тарбиявӣ, ба мисоли насиҳати модар ба духтар дар роҳи зиндагӣ, замзамаи суруди аллаи модар баҳри фарзанд, хониши суруди бойчечак аз тарафи кӯдакони хурдсол ба чорабинӣ шукӯҳи дигарро зам кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил







