ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ГАНҶҲОИ ҲУНАР
2018-03-26

Дар фестивали 5-уми байналмиллалии "Олами Мугом" (Мугом олами) дар Ҷумҳурии Озорбойҷон омӯзгори кафедраи мусиқии суннатии тоҷики факултети санъати Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Солиев Сардор сазовори чойи дуюм гардида соҳиби дипломи фестивали мазкур ва мукофотпулӣ гардид. Бояд кайд намуд, ки дар фестивали мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Абдувалӣ Абдурашидов (директори Академия мақоми ҶТ) ба ҳайси аъзои ҳакамон, Камолиддин Ҳамдамов (вилояти Суғд) ва Беҳруз Махкамов низ ширкат варзиданд. Сардор Солиев аз омӯзгорони ҷавони боистеъдод буда, соли гузашта, дар озмуни ҷумҳуриявии "Ганҷҳои ҳунар" сазовори чойи якум ва дипломи озмун гардида буд. Давоми соли 2017 ӯ бо сафарҳои ҳунарӣ дар симпозиуму конфронсҳо дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ (ҷумҳурии халқии Чин ду маротиба) ширкати фаъолона дошта, мусиқии устодонаи тоҷикро муаррифӣ намуд. Ба Сардор Солиев комёбиҳои нави илми эҷоди таманно дорем.    

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:649 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар