ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2018-03-27

Тибқи иттилои Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ рӯзҳои 15-16-уми марти соли 2018 Олимпиадаи 5-уми ҷумҳуриявии  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар қатори 251 донишҷӯ аз 24 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ иштирок намуданд.

Тибқи натиҷаи Олимпиадаи мазкур ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро сазовор гардид. Дар ин Олимпиада Ғаффорова Маҳина Аминовна- донишҷўи курси сеюми факултети филологияи тоҷик аз рӯи  ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик ба дарёфти  “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ноил гардида  Шодиев Шоҳмурод Шодиевич– донишҷўи курси дуюми факултети физика ва техника барои ихтисоси астрономия ва Раҷабов Фарҳод Исломович – донишҷӯи курси панҷуми факултети таърих ва ҳуқуқ барои ихтисоси ҳуқуқ сазовори ҷойи дуюм, Самадов Маҳмуд Амирҳамдаевич – донишҷўи курси чоруми факултети биология ва химия барои ихтисоси биология ва Қудусова Мафтуна Абдуҷалиловна– донишҷўи курси чоруми факултети физика ва техника барои ихтисоси физика сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон чор нафар донишҷӯён аз ихтисосҳои дигар бо гирифтани Ифтихорномаи Президенти АИҶТ мушарраф шуданд.

Мақсади баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯён ба илмҳои гуногуни муосир, васеъ намудани мафкураи илмӣ, ташаккули фикрронӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ба ин восита устувор гардонидани иқтидори илмии кишвар мебошад.   

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:777 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар