ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
70-СОЛИ ПУРСАМАР!
2017-09-27

Дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 70 - солагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуҳамид Шафрипов конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он устодон, ҳамкорону шогирдон, донишҷўён ва хешу ақрабои соҳибҷашн иштирок намуданд. 
Нахуст ба чорабинии идона, ноибректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров ҳусни оғоз бахшида, иштироки меҳмононро дар ин боргоҳи илмумаърифат хайрамақдам гуфт. Ў табрикоти ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразодаро барои  устоди барўманд, шахси ҳалиму хоксор, меҳрубону нексиришт ва роҳбари собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ А. Шарипов расонида, қайд кард, ки устод А. Шарипов аз зумраи он устодоне ба ҳисоб мераванд, ки дар донишгоҳ барои пойдор мондани кафедраи забони олмонӣ саҳмашон назаррас мебошад. Донишгоҳ заҳматҳои устодро қадр менамояд ва умедвор аст, ки солҳои тўлонӣ устод барои донишҷўён сабақ меомўзонанд. 
Ҳамкорони устод аз баргузории чунин чорабиниҳо ва қадрдонӣ кардани устодонро донишгоҳ  изҳори сипос намуданд:
Сипас Шавкат Алиев, намоянда аз Шўрои собиқадорони  вилоят, баромад намуда, аз хислатҳои неки устод, дўст доштани пешаи худ ва фаъолона иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятии Абдуҳамид Шарипов ёдовар шуда, қайд кард, ки ҳоло дар зинаи камолоти 70 – солагӣ қарор доранд ва дар донишгоҳ, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат, устододи ҳалиму хоксор ва нисбати касби хеш серталаб мебошанд, таният гуфта, тўҳфаи роҳбари собиқадорони вилоятро ба соҳибҷашн супорид. Ҳамчунин, Нўъмон Орифӣ, низ аз номи собиқадорони шаҳр  устод Абдуҳамид Шариповро табрик намуд. 
Сипас оид ба мавзўи «А. Ш. Шарипов - Омўзгори пуртаҷриба, олими барҷаста ва ходими ҷамъиятӣ» профессор М. Азимова баромади пурмўҳтаво намуд. Ў дар баромади хеш зикр намуд, ки Абдуҳамид Шарипов, аз зумраи он олимонест, ки нисбати касби худ серталаб мебошад ва шогирдону ҳамкоронашро дўст медорад ва ягон лаҳзаи зиндагии худро бе шогирд тасаввур намекунад. Мо дар ҳамкорӣ бо чунин устодон ифтихор мекунем. Таҷрибаи бойю ғанӣ доранд, ки пайваста аз хазинаи марифати хеш барои шогирдон сабақ медиҳад. 
Дотсент М. Нематуллоева, оид ба мавзўи «Масъалаҳои мубрами германистика дар асарҳои илмии устод А. Шарипов» ва дотсент  . А. Бойматов, , перомуни мавзўи «Саҳми устод А. Шарипов дар соҳаи инкишофи методикаи таълими забони олмонӣ» суханронӣ намуданд. 
Ҳамкасбон ва ёру дўстони устод А. Шарипов бошанд аз лаҳзаҳои нотакрори дарс додану нисбати мавзўъҳои дарсӣ серталаб будан ва дар зиндаги ҳамчун  як падари ғамхору меҳрубон буданашон ёдовар шуданд. 
Ёдовар мешавад, ки Шарипов Абдуҳамид Шарипович 20 августи соли 1947 дар шаҳри Ғафурови вилояти Суғд  дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Номбурда, солҳои 1965-1969 дар шуъбаи забони олмонии факултети забонҳои хориҷии ДДОЛ ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) аз рўи ихтисоси «Забони олмонӣ» таҳсил кардааст. Баъд аз хатми таҳсил аз моҳи июли соли 1969 дар кафедраи забони олмонии ҳамин донишкада чун хатмкунандаи аълохон ба кор таъин шуда, солҳои тўлонӣ дар ин боргоҳи илму маърифат, аз вазифаҳои сармуаллим то декани факултет адои вазифа намудааст. 
Устод А. Шарипов санаи 9 феврали соли 1984 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Функционально-семантическое поле качественных признаков человека в современно немецком язике» бомуваффақият  дифоъ намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои филологӣ гардид. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:573 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар