Дар доираи иштирок дар Наврӯзи вилояти Суғд аз намояндагони зиёии Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 28.03.2018 соли равон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд профессор Холмуродов Рустам Ибрагимович бо гурӯҳи омӯзгорони донишгоҳи мазкур ташриф оварданд.
Ҳадафи асоси ташрифи меҳмонони олиқадр ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо фаъолияти гуногунсоҳа ва густурдаи таълимӣ, илмӣ инноватсионӣ ва тарбиявию фарҳангии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни сафар ҳамчунин шартномаи тарафайн байни роҳбари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба имзо расид, ки мақсади асосии онро ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои таълим, навиштани китоби дарсӣ, омӯзиши таҷрибаҳои пешқадамӣ омӯзгорони собиқадор ва соҳибтаҷрибаи ҳарду донишгоҳ омода кардани кадри илмӣ, иштирок дар шӯроҳои муштараки дисертатсионӣ, ташкили конфронсҳо, симпозюмҳои илмии муштарак ва ғайра ташкил медиҳад. Ҳамчунин меҳмонон аз осорхонаи аз нав таҷдид гардидаи донишгоҳ дидан намуда, таассуроти неки худро дар дафтари қайди меҳмонони олиқадри осорхона ба қалам доданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил