Санаи 30-юми март дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ифтитоҳии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Тағйирёбии иқлим, ақибгардии пиряхҳо ва таъсири он ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ» бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 баргузор гардид. Конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, меҳмонони конференсияро: Тоҷибой Султонӣ – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Холназар Муҳаббатов - доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ӯктам Муртазоев - доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Алишер Ҷӯраев - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Баъди суханронии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва дотсент Тоҷибой Султонӣ, маърӯзаҳои профессор Холназар Муҳаббатов таҳти унвони «Об ва офатҳои ба он алоқаманд дар Тоҷикистон», профессор Ӯктам Муртазоев дар мавзӯи «Ҷанбаҳои географии табодулоти системаи дарёҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» ва профессор Садриддин Абдураҳимов таҳти унвони «Баъзе нишондиҳандаҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» ироа гардиданд.
Конференсия тайи ду се дар се бахш ҷараён мегирад, ки дар онҳо маърӯзаҳои 41 устодону муҳаққиқони соҳа аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд. Тибқи барномаи конференсия ҷаласаи хотимавӣ санаи 31-уми март дар маҷлисгоҳи факултети геоэкология баргузор мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







