ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ БО ЛОИҲАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2018-04-04

Дар факултети биология ва химия, кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ, семинари илмӣ-назариявии оиди ҳафтаи илм дар факултет гузаронида шуд. Дарчорабинии мазкур, устодон, донишҷўён ва магистрони ихтисоси «Химия” иштирок намуданд. Дар семинар координатори лоиҳа, профессори кафедраи забонҳои арабӣ Ғаффорова У. таҳти унвони“ Татбиқи лоиҳаи байналмиллалӣ “ERASMUS +” “TUTURIAL” дар донишгоҳ”  маърӯза намуд. Мавсуф оид ба паҳлуҳои асосии рушди минбаъдаи ҳаёти имрўза бо ҳамбастагӣ ва робитаи байналмиллии омўзгорони донишгоҳ бо мактабҳои олии давлатҳои хориҷа сухан ронда, қайд карданд, ки дар солҳои охир ҳамкории мутақобила дар соҳаи таълим ва илм бисёр назаррас мебошад. Алалхусус, барои баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-методӣ ва илм-тадқиқотӣ аз соли 2012 то инҷониб корҳои зиёде тадқиқотӣ ба анҷом расонида шуд. Дар донишгоҳ малакаи тадқиқот дар самти маориф, инноватсия ва гигиенаи муҳити зист мукаммалтар гардида, он яке аз самтҳои афзалиятноки лоиҳаи байналмиллали “ERASMUS +” “TUTURIAL” ташкили таҳсилоти фосилавӣ ба шумор меравад. Дар семинар мудири шўъбаи робитаҳои байналмиллалии донишгоҳ, дотсент Каримов Т. баромад намуда, оиди ҳамкориҳои донишгоҳ бо як қатор лоиҳаҳои байналмиллалӣ аз ҷумла: лоиҳаи “ERASMUS +” “TUTURIAL” маълумот дод. Қайд карданд, ки ҳамкорӣ бо чунин лоиҳа танҳо барои беҳдошти таълим ва илм дар донишгоҳ равона карда шуда, минбаъд ин ҳамкорӣ идома хоҳад ёфт. Инчунин дар семинар мудири кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ, дотсент Тиллобоев Ҳ. дар мавзўи “Омўзиши омилҳои ифлосшавии муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд ва таъсири он ба саломатии инсон ”, Улмасов М. сармуаллими кафедраи физиология ва омодагии дифоъ тахти унвони “Баҳодиҳии физиологӣ ва гигиенаи меҳнатии коргарони истеҳсоли маводи асфалту бетон дар иқлими гарм” ва Боисов Н. сармуаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиат оиди “Баҳодиҳии таъсири манфии корхонаи пахтатозакунӣ ба муҳити зист ва таъсири он ба саломатии инсон” баромад намуданд.

Оиди мавзӯи баёнгардида музокира баргузор гардида,  устодон ба саволҳои пешкашгардидаи магистрон ва донишўён ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:649 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар