ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
2018-04-05

Мутобиқ ба нақшаи таҳия намудаи Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ ҳафтаи илм дар факултети педагогӣ аз санаи 2.04.2018 то 7.04.2018 ба нақша гирифта шудааст ва тибқи ин супоришот дар факултет нақшаи корӣ таҳия гардидааст, ки он аз ду қисмат иборат аст. Қисмати аввал – қисми ташкилӣ буда, дар он таҳия ва ирсол намудани даъватномаҳо оид ба чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети педагогӣ ба Раёсати Донишгоҳ ва факултетҳои он, ташкили аксияи гирд овардани китобҳои бадеӣ байни донишҷўёни факултет таҳти унвони «Як китоби хуб беҳ аз хазинаи бузург», ташкили гурӯҳи донишҷӯён ва магистрантони факултет таҳти унвони “Дасти кӯмак” (гузаронидани тадқиқотҳо ва муайн намудани муамоҳои равонии кӯдаконе, ки дар мактаб-интернат таҳсилкунанда), ташкили намоиши китобҳои тозанашри устодони факултет, озмуни иншои бехтарин тахти унвони «Айнӣ- сардафтари адабиёти муосири тоҷик», озмуни хаттоти беҳтарин ба назар гирифта шудааст. Қисмати дуввум – қисми асосӣ унвон гирифта дар ин қисмати як қатор чорабиниҳои илмӣ – ба монандӣ семинарҳои илмӣ-назариявӣ, семинар-машваратҳо, маҳфилҳои илмии донишҷўён, конфронси илмӣ-амалӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Тибқи ин нақша санаи 02.04.2018 дар факултет як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, аксияи гирдовардани китобҳои бадеӣ эълон карда шуда, донишҷўён китобҳои бадеиро ба кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ манзур намуда истодаанд. Дар долони факултет китобҳои тозанашри устодони факултет ба намоиш гузашта шудаанд. Озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони «Айнӣ- сардафтари адабиёти муосири тоҷик» эълон карда шуда, донишҷўёни иштирокчӣ номнавис карда шудаанд.

Ҳамчунин дар ин рўз семинар-машварат оид ба тарзи таҳия намудани мақолаҳои илмӣ ва пешбурдани кори илмӣ-тадқиқотии магистрантон, докторантон ва олимони ҷавони факултет баргузор гардид, ки дар он доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шаропов Ш.А. баромад намуда, оид ба нозукиҳои таҳияи кори илмӣ-тадқиқотӣ, асосҳои таҳқиқоти илмӣ бо ҳозирин сўҳбат намуданд. Меҳмони семинар – машварат муҳаррири масъули Номаи Донишгоҳ – Тоҷибоев Ш. оид ба тарзи таҳия намудани мақолаи илмӣ, сохтори мақолаи илмӣ, талабот ба унвони мақола (сарлавҳа), чакида (аннотатсия), вожаҳои калидӣ, маълумоти пурра ба ҳозирин пешкаш намуданд. Дар рафти машварат аҳли нишаст ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, қаноатмандии худро аз баргузории ин гуна семинар-машварат ба Шаропов Ш.А. ва Тоҷибоев Ш. изҳор намуданд.

Бояд қайд намуд, ки семинари илмӣ-назариявии намунавии факултет низ дар ҳамин сана ба нақша гирифта шуда буд ва он дар мавзуъҳои муаммоҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маърўза бо муаррифнома аз тарафи номзади илмҳои биологӣ, дотсент Валаматова С.М. ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ маърўза бо муаррифнома аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдусамадова М.А. ироа карда шуд. Устодони факултет дар кори семинар бо саволу ҷавоб ва ибрози андешаи худ, фаъолона иштирок намуданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:671 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар