ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
САДРИДДИН АЙНӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК
2018-04-10

Санаи 6-уми апрели соли 2017 бо ташаббуси раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба иҷрои дастури хосаи Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади арҷ гузоштан ба мероси бою ғании ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию хештаншиносӣ ва ватандўстии наслҳои ҷомеа конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик» бахшида ба 140-умин солгарди бунёдгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар, аҳли илму адаб Кўчаров Аламхон – узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ, Маҳмадаминов Абдулҳай – профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, Муллоев Абдусамад – декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Муродиён Ҳасан – профессори ДДҚ ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои филологӣ, Икромов Искандар – профессори кафедраи адабиёти тоҷики ДДҚ ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои филологӣ, Зайниддинов Муртазо – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ниёзов Акбар – мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДҚ ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои педагогӣ, Бобомаллаев Илҳом – ассистенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ ва дигарон иштирок доштанд.

Конференсия бо суханронии ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ифтитоҳ ёфт. Зимни  суханронӣ мавсуф қайд кард, ки: “Садриддин Айнӣ барҳақ дар таърихи адабиёти навини тоҷик аз зумраи камтарин суханварони сермаҳсул ба шумор мерафт ва бо эҷоди мероси гаронмояаш чеҳраи ҳақиқии худро чун адиби баландпоя, шоири тавонгўй, донишманди фарзона, муаллими камназири ахлоқ, андешаманди пурбин ва дурбини сиёсат, ҳикмат ва мантиқ, файласуф ва ҷомеашиноси соҳибназар, ходими фаъоли матбуот, шахсияти пурнабарди рўҳу равони рости миллат, муборизи камназир ва ашадии ҳифзи забони миллии тоҷикон, гузашта аз ин, инсоне фавқулода, фидоӣ, заҳматкаш ва ороставу пероста бо тамоми фазилатҳои инсониву ахлоқӣ намоён кардааст”.

Ҳамчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни конференсия расонид. 

Дар кори ҷаласаи ифтитоҳӣ маърўзаҳои олимони маъруфи тоҷик Муллоев Абдусамад – декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳти унвони “Консепсияи ҳунари чеҳранигорӣ дар насри С.Айнӣ”, Муртазо Зайниддинов  – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Робитаҳои адабии халқҳои  тоҷику тотор дар ҳарими матбуоти даврӣ”, Матлубаи Мирзоюнус ­– профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Омилҳои шуҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ” Муртазо Зайниддинов  – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Матлубаи Мирзоюнус ­– профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шунида шуд.

Дар ҳашт бахши конференсия масъалаҳои сиёсат, таърих ва ҳунарҳои мардумии замони Садриддин Айнӣ, Садриддин Айнӣ ва таҳаввули адабиёти навини тоҷик, мероси илмӣ-адабии Садриддин Айнӣ, Садриддин Айнӣ ва пайвандҳои адабии халқи тоҷик, айнишиносӣ, масъалаҳои нақди адабӣ, матншиносӣ ва мероси адабӣ дар осори Садриддин Айнӣ, нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули забони тоҷикӣ ва забоншиносӣ, Садриддин Айнӣ ва ташаккули матбуоти миллии тоҷик, ақидаҳои педагогӣ ва маорифпарварии Садриддин Айнӣ баррасӣ шуданд. Дар 8 бахши конференсия беш аз 100 маърўза ироа гардиданд.

Маводи конференсияи мазкур дар шакли маҷмўаи мақолаҳои илмӣ оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти Айнӣ дар ҳаҷми умумии 32 ҷузъи чопӣ аз нашр баромад.

Дар доираи баргузории конференсия озмуни донишгоҳии “Ёддоштхонӣ” ҷамъбаст гардида, аз тарафи ректори донишгоҳ зиёда аз 10 нафар магистрантон ва донишҷўёни ғолиб бо тўҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:1017 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар