ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БЕҲТАРИН ХОНАНДАИ ИНФОРМАТИКА
2017-09-28

Бахшида ба Рўзи забони давлатӣ, Иди Рӯзи  омўзгор ва Соли ҷавонон дар кафедраи умумидонишгоҳии информатика Озмуни “Беҳтарин хонандаи информатика” доир карда шуд, нахуст мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳ. Ахмедов аз мақсади ташкил кардани ин озмун ва  ҳадафҳои асосии он маълумот дод.  Номбурда дар баромади хеш зикр намуд, ки кафедраи умумидонишгоҳии информатика тасмим дорад бо донишҷўёни соли аввал силсилаозмунҳо бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии шогирдон баргузор намояд.
Донишҷўёни соли аввали факултети педагогӣ иштирокчиёни нахустин озмуни кафедра буданд. Ин озмун аз рўи 4 шарт ба роҳ монда шуд, ки дар ҳар як намуди он донишҷўён фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷаи озмун донишҷўёни соли аввали факултети педагогӣ Ойхон Холиқова, Нилуфар Отаева ва Парвина Ҳоҷибоева сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика Ҳ. Ахмедов барои ғолибон аз номи ректори донишгоҳ ифтихорнома ва дигар тўҳфаҳои хотиравиро супорида қайд намуд, ки ин гуна озмунҳо бо донишҷўёни соли аввали дигар факултетҳо низ гузаронида мешаванд.
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:530 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар