ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
СЕМИНАРИ МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ
2018-04-17

Дар толори факултети физика ва математикаи донишгоҳ семинари илмӣ – амалии ширкати “Мегафон Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он донишҷўёну устодони факултетҳои физика ва математика, расомӣ-графикӣ ва менеҷери ширкат оид ба кор бо ҷомеа Фазлиддин Ҳакимхўҷаев ва дигарон ширкат варзиданд.

Семинарро сармутахассиси шўъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Истамқулов Ҷамшед оғоз намуда, доир ба ҳамкориҳои донишгоҳ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва аҳмияту зарурати семинар – машваратҳои ширкати мазкур сухан кард. Аз ҷумла, қайд карда шуд,  ки донишгоҳ бо ин ширкат солҳои дароз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дорад ва ин семинар яке аз силсила семинарҳоест, ки донишгоҳ бо ин ширкат  қаблан мувофиқа карда, ҳар моҳ дар факултетҳои ба мавзўҳояшон наздик семинарҳо ва вохўриҳо баргузор менамоянд.

Мавзўи семинари мазкур “Интернет: олами имкониятҳои рақамӣ” буд, ки онро Ҳакимхуҷаев Ф. менеҷери бахши кор бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” батафсил ба ҳозирин маърўза кард. Мавсуф аз таърихи интернет ва умуман алоқа баромад карда, доир ба имрўзу ояндаи интернет ва имкониятҳои он маълумоти муфассал дод. Ҳангоми суханронӣ бо чанд видеоҳои ҷолиби худ ба ҳозирин ҷанбаҳои гуногуни имкониятҳои интернети рақамӣ ва мушкилоту муваффақиятҳои онро фаҳмонид ва тавонист дар тафаккури ҳозирин тасаввуроти кофӣ доир ба мавзўи баррасишаванда гузорад.

Инчунин, як иқдоми нави ширкати “МегаФон Точикистон”-ро, ки «МегаФон Life» ном дорад, муаррифӣ кард ва ба ҳозирин бартариҳои онро шарҳ дод.

Дар интиҳо донишҷўёну устодон ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:716 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар