Дар хобгоҳи №3 мизи муддавар бахшида ба конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии Замин ва Рўзи илми тоҷик, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» бо иштироки донишҷўёни дар хобгоҳҳои №1,2,3, истиқоматкунанда дар теъдоди зиёда аз 50 нафар баргузор гардид.
Мизи мудавварро мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат Собиров М.С. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба таҷлили Рўзи умуимиҷаҳонии Замин маълумотҳои мушаххас дод.
Сипас, сармуаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиат Боисов Н.Н. дар мавзўи “Рўзи умуимиҷаҳонии Замин- санаи муҳими экологӣ” баромад намуда, доир ба санаи муҳими экологӣ, яъне 22-апрел дар тамоми сайёраи Замин ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба Рўзи Замин, ҷашнгирии он дар давлатҳои ҷаҳон маълумот пешниҳод кард. Иброз кард, ки Гейлорд Нильсон аввалин маротиба соли 1970 барои ҷашн гширифтани Рўзи Замин пешниҳод карда буд. пешниҳоди он соли 1990 аз тарафи СММ ба эътибор гирифта онро Даҳсолаи ҳифзи муҳити зист эълон карда буд. Дар Рўзи Замин доир ба гузаронидани шанбегӣ, гулзоркунӣ ва тоза намудани муҳити зист қарор қабул карда шуд, ки дар он ҳамаи хоҳишмандон дар он иштирок менамуданд.
Сипас, муаллимаи кафедраи экология ва ҳифзи табиат Ҳакимхоҷаева М.А. дар мавзўи “Ифлосшавии заминҳои корам” баромад намуда, доир ба манбаҳои ифлосшавӣ, сабабҳо, оқибатҳо, натиҷаҳо ва роҳҳои бартарафсозии ҷиҳатҳои манфии таъсир ба муҳити зист суханрони намуданд.
Дар давоми мизи мудаввар видеоролик оид ба мавзўҳои зикрёфта намоиш дода шуд, ки баъди тамошои он донишҷўён фикру ақидаҳои худро баён намуда, ибрози ақида намуданд, ки ҳар як шахс вазифадор аст, ки дар ҳифзи муҳити зисти худ дар сатҳи оила, маҳалла, деҳа, шаҳр ва ғайра саҳмгузор бошанд.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар мудири кафедра суханронӣ намуда ба иштирокчиён ва маърўзачиён арзи сипос намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







