Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардида оид ба гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ дар хобгоҳҳои донишҷўён барои нимсолаи дуюми соли хониши 2017-2018 санаи 18 апрели соли 2018 дар хобгоҳи №3 аз тарафи кафедраи Электроникаи факултети физикаю техника вохўрии судманд бо иштироки прокурори калони шўъбаи Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 – Ҷўраева Донохон Тўрахоновна бо донишҷўён бахшида ба фаҳмондадиҳӣ ва иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, таҳти №776 оид ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстромизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар мавзўи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористиву экстрамистӣ» доир гардид.
Дар чорабинӣ устодони донишгоҳи факултети физикаю техника иштирок доштанд.
Дар назди иштирокчиён Ҷўраева Д.Т. доир ба пайдоиш ва мафҳуми терроризм ва экстромиз гузориши муфассал намуданд.
Пас аз гузориш байни иштирокчиён ва намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саволу ҷавоб баргузор гардид. Ба саволҳои дода шуда аз тарафи Ҷўраева Д.Т. ҷавобҳои дақиқи мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми вохўри муовини декан оид ба тарбияи факултети физикаю техника Усмонов А.А. аз номи иштирокчиёни вохўрӣ миннатдории худро ба Ҷўраева Д.Т. баён намуд.
Садорати факултет ва устодону кормандон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд бо иштироки намояндагони дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ доир ба ин масъалаи муҳими имрўза ҳамкориро идома дода дар факултет ва хобгоҳҳои донишҷўёни донишгоҳ чорабинии гуногуни тарбиявӣ ташкил намоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







