Санаҳои 13-20-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рўзи илми тоҷик конференсияи илмии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷўён баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки «Ба конференсияи имсолаи мо аз тарафи олимону устодон, докторантону аспирантон, донишҷўёну магистрантон, 1618 маърўза пешниҳод гардид, ки ин аз ширкат ва ҳузури фаъоли ҷомеаи донишгоҳ дар ин чорабиниҳои илмӣ дарак медиҳад. Кори конференсия дар 64 бахши устодон ва 66 бахши донишҷўён ва 24 бахши докторантону магистрантон ҷараён мегирад, ки доираи васеи мулоҳизарониҳои илмӣ ва маърузаҳои мазкур беҳтарин ҳадяи устодону олимон, донишҷўёну магистрантони мо ба истиқболи рўзи илми тоҷик хоҳад буд”.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ҳамчунин Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович - муовини ректор оид ба таълим, профессор таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об», Умаралиева Ўғулой – дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ таҳти унвони «Паёми пешвои миллат-тадбири созанда ба хотири ояндаи дурахшони кишвар», Эшонова Насиба Носирҷоновна – сармуаллимаи факултети санъати тасвирӣ ва технология, раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави вилояти Суғд» ва Ҷўраева Мавлуда Мамадқуловна – сармуаллимаи факултети геоэкология таҳти унвони «Саҳми туризм дар рушди иқтисодиёт ва таъмини аҳолӣ ба ҷойи кори доимӣ» маърўзаҳои хешро пешниҳод карданд. Кори бахшҳо санаҳои 14-19-уми апрел дар тамоми кафедраҳои донишгоҳӣ баргузор гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил







