Дар толори факултет бахши донишҷўёни кафедраи адабиёти муосири тоҷик доир гардид, ки дар он 18 маърўзаи илмӣ аз тарафи донишҷўён ироа карда шуд. Роҳбарии ин бахшро профессор Файзуллоев Н. бар уҳда доштанд. Инчунин устодони кафедра профессор Матлубаи Мирзоюнус, декани факултет Тиллохоҷаева М. ва дигарон иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин бахш маърўзаҳои бисёр хубе аз тарафи донишҷўён дар мавзўъҳои мухталифи адабиёти муосири тоҷик ироа карда шуд. Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки дар ин бахш донишҷўён бисёр бо тайёрии хуб омада буданд, ки зимни гузориши онҳо маълум мегардид. Пас аз гузориши донишҷўён аз тарафи устодон саволҳо пешниҳод карда шуд, ки донишҷўён то қадри имкон ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ин бахш бархе аз устодони кафедра, аз ҷумла профессор Матлубаи Мирзоюнус ба чор нафар донишҷў мавзўъ пешниҳод намуда, омода сохтанд, ки ҳар чор нафари онҳо дар қатори беҳтарин донишҷўҳо ба шумор мераванд ва инчунин аз тарафи мудири кафедра дотсент Аъзамов С. низ се нафар донишҷў омода карда шудааст, ки дар мавзўъҳои мухталиф гузориш намуданд. Аз тарафи дотсент Ўлмасова низ ду нафар донишҷў омода карда шуда, буд, ки гузоришашон бисёр дар сатҳи хуб буд.
Инчунин дар факултети филологияи тоҷик мувофиқи нақша, конфронси илмии бахши магистрантон ва докторантони (PHD) кафедраи адабиёти классикии тоҷик баргузор гардид. Ин бахш бо иштироки мудири кафедра дотсент Ўрунова М, декани факултет Тиллохоҷаева М., муовини декан оид ба корҳои илмӣ Азизов С. ва устодони кафедра дотсентон Нуров Н., Бобоева М., Ваҳҳобзода Д., Неъматова М., Раҳимов А., срмуаллим Ҳоҷиев А. ва дигар устодону донишҷўён баргузор карда шуд. Дар ин бахш 10 маърўзаи илмӣ аз тарафи магистрантон ва докторантони (PHD) -и кафедра ироа карда шуд. Дар ин бахш маърўзаҳои беҳтарин аз тарафи магистрантони курси дуюм Хосияти Шаҳобуддин, Шарофова Ш. ва магистранти курси аввал Ғуфронов Р. ироа гардид. Бояд қайд намуд, ки дар ин бахш магистрантон маърўзаҳои худро бо намоиш додани слайдҳо ба таври муҷаз ва диққатҷалбкунанда, намоиш доданд. Пас аз гузориши магистрантон аз тарафи устодон саволҳо ба маърўзачиён пешкаш карда шуд. Ҳамаи гузоришгарон ба саволҳои дода шуда ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Аз ҷумла ба магистранти курси дуюм Шарофова Ш. доир ба ҷанбаҳои ҳунарӣ ва вижагиҳои сабкии ғазалиёти Амир Хусрав саволҳо дода шуд. Инчунин ба магистрант Хосияти Ш. дар мавриди вижагиҳои хоси поэтикии ғазалиёти Фаттоҳии Нишопурӣ ва ба магистрант Ғуфронов Р. Дар хусуси масъалаҳои матншиносии осори Ғании Кашмирӣ ва дигар саволҳо ба маърўзачиён пешкаш карда шуд. Дар охир аз тарафи устоди кафедра, дотсент Нуров Н., ки роҳбарии корҳои илмии магистрантони мазкурро бар ўҳда доранд, конфронси бахши магистрантони адабиёти классикии тоҷик ҷамъбаст карда шуд. Дар охир масъалаҳои муҳими илми адабиётшиносӣ, хусусан масъалаҳои матншиносии осори адабӣ баҳсу баррасӣ карда шуданд.
Бахши сеюм, ки имрўз дар факултети филологияи тоҷик доир гардид, бахши устодон ва муҳаққиқони ҷавони кафедраи адабиёти муосири тоҷик мебошад. Дар ин бахш 8 маърўзаи илмӣ аз тарафи устодони кафедра ироа карда шуд. Дар ин бахш бештари маърўзаҳои устодон дар хусуси роҳу услулҳои таълим дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик пайванд дошт. Аз ҷумла, дар маърўзаи дотсенти кафедра Ҳабибуллоева М., дар мавзўи «Унсурҳои таълими салоҳиятнокӣ ва роҳҳои татбиқи он дар дарсҳои адабиёт» масъалаҳои таълими салоҳиятнокӣ дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик андешаҳои ҷолиби илмӣ иро карда шуд. Инчунин, дар маърўзаҳои дигар устодони кафедра низ масъалаҳои таълим ва усулҳои муосир баррасӣ ёфтанд. Дар охир муҳокимаи маърўзаҳо аз тарафи устодони собиқадор дотсент Аҳмадов М. ва дигарон хуб ба роҳ монда шуд. Бояд қайд намуд, ки устодон аз хулосаҳои маърўзаҳои устодон ба як натиҷаи муайян даст ёфтанд ва ин ҳам бошад дар хусуси бештар пурқувват сохтани таълими салоҳиятнокӣ дар дарсҳо мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







