ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
РАВАНДИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲ
2017-09-28

Тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ таҳти рақами 1445 аз 12.09.2017 як қисм донишҷӯёни курсҳои панҷуми шӯъбаи ғоибонаи факултети педагогӣ аз гурӯҳи 501 то 508 аз санаи 04.09.2017 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд барои таҷрибаомӯзӣ равона гардиданд. 
Аз ҷумла, 12 нафар донишҷӯён бо роҳбарии мушовир, номзади илмҳои педагогӣ, сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ М. Х. Эгамбердиева дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7–и шаҳри Хуҷанд ба номи Н. Ганҷавӣ таҷриба омӯхта истодаанд. Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён нозукиҳои касби омӯзгориро аз бар намуда, баҳри босамар гузаронидани раванди таҷрибаомӯзӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Ҳама гуна дарсҳои озмоишиву санҷишии таҷрибаомӯзон бо айёниятҳову варақаҳои дидактикӣ муҷаҳҳаз карда шуда, дар раванди дарсҳо аз воситаҳои таълимӣ васеъ истифода бурда мешаванд. 
Чи тавре, ки айён аст раванди дарсҳои таҳсилоти ибтидоӣ бо низоми салоҳиятнокӣ ҷараён гирифта истодааст, ки таҷрибаомӯзон дар дарсҳои худ аз низоми мазкур ба таври васеъ истифода бурда, бо роҳнамоҳои фаннӣ ва замима ба китобҳои дарсии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида таъминанд. 
То ба имрӯз ҳар як таҷрибаомӯз беш аз 6-7 дарси озмоишиву санҷишӣ ва ҳафтае як маротиба соати тарбиявӣ гузаронидаанд. 
Умуман раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курсҳои панҷи шӯъбаи ғоибонаи факултети педагогӣ бомуваффақият ҷараён дорад.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:585 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар