Бо тасмими садорати китобхонаи марказии донишгоҳ ва бо мақсади боло бурдани тарбияи маънавии ҷавонон ва тарғибу ташфиқи фарҳанги китобхонӣ ба истиқболи Рўзи илми тоҷик дар назди бинои факултети санъат марафони китоб таҳти унвони «Рўе, ки нагардад зи касе рўи китоб аст» баргузор гардид. Ҳадафи аслии доир кардани ин чорабинии муҳим барқарор намудани пайванди муаллифони осори адабиву бадеӣ, илмӣ, илмӣ-оммавӣ бо хонандагон, аз ҷумла донишҷўёни донишгоҳ, инчунин мусоидат дар ғаномандии хазинаи китобии китобхона ва тарғибу ташфиқи фарҳанги китобдориву китобхонӣ ба шумор меравад.
Дар оғози марафон ректори донишгоҳ профессор Ҷ.Ҷўразода ба устодон ва донишҷўёни донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои силсилавии умумидонишгоҳӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Сипас озмун-виктаринаи фарҳанги китобдорӣ ва китобхонӣ, ки аз қисматҳои қироати шеърҳои шоирони ҷавон, шеърҳо дар васфи баҳор, байтҳо дар васфи китоб дониш ва илм, қироати порчаҳо аз «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ, муаррифии ихтироот ва расми беҳтарини донишҷўён, озмуни китобхони беҳтарин ва байтбарак байни донишҷўёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ иборат буд, оғоз ёфт.
Дар марафони китоб аз ҷониби ректори донишгоҳ беш аз 500 китоб ба махзани китобхона туҳфа гардид.
Ҳамчунин бояд кард, ки дар чорабинӣ нашриётҳои «Ношир», «Хуросон» ва «Муассисаи давлатии маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва инчунин факултетҳову кафедраҳои умумидонишгоҳӣ фаъолона иштирок варзида, китобҳои тозанашри хешро ба китобхона тақдим карданд.
Аҳли оилаи профессор Атохон Сайфуллоев дар доираи марафони китоб ба китобхона беш аз 1100 нусха китоб ҳамчун туҳфа супориданд ва ба ин муносибат бо фармони ректори донишгоҳ дар китобхона фонди профессор Атохон Сайфуллоев ташкил карда шуд.
Дар охир ба иштирокчиёни марафон аз ҷониби ректори донишгоҳ ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







