ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
РОҲЕ, КИ ТУРО БА ҲАҚ РАСОНАД, ИЛМ АСТ!
2018-04-24

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар нимаи дувуми моҳи апрел дар асоси  ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи илми тоҷик дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар доираи бузургдошти рўзи илм  ҳафтаи конференсияҳои илмии устодону олимон, аспирантону магистрантон ва донишҷўён ба унвони яке аз муҳимтарин чорабиниҳои илмӣ бахшида ба ин санаи бузург доир мешавад. Бо ин мақсад дар  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров санаҳои 13-20-уми соли ҷорӣ ҳафтаи конфронсҳои илмӣ доир гардида, муҳимтарин муаммоҳои илмҳои мухталиф дар суханрониву маърўзаҳои ҷолиби аҳли илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. 

Шоистаи таъкид аст, ки ҳафтаи конференсияҳои илмии имсола низ ба ифтихори чанд рўйдоди муҳими таърихӣ дар сарнавишти давлатдории навини Тоҷикистон ба вуқўъ пайвастанд. Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, соли 2018 дар тақвими Тоҷикистони азизи мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд, ки ин пеш аз ҳама аз таваҷҷўҳи махсуси роҳбари давлат ба масъалаи истифодаи босамар ва муаррифиву тарғиби имкониятҳои Тоҷикистон, мусоидат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади эҳё ва тарғибу ташвиқи навъҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ сарчашма мегирад. Дар бахшҳо устодон, олимони ҷавон ва донишҷўёни донишгоҳ масъалаҳои таҳқиқи имкониятҳои ҷуғрофиёи Тоҷикистон, табиати нотакрори кишвар ва захираҳои бою ғании он, инчунин сарнавишт ва таърихи рушди ҳунарҳои мухталифи мардумӣ дар мамлакат, роҳҳо ва воситаҳои эҳё ва рушди намудҳои онро дар гузоришу суханрониҳои илмии хеш мавриди баррасӣ қарор дода, бо ин роҳ дар татбиқи ҳадафҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми хешро хоҳанд гузоштанд.

Ба ҳамоишу нишастҳои имсола аз тарафи олимону устодон, докторантону аспирантон, донишҷўёну магистрантон, 1618  маърўза пешниҳод гардид, ки ин аз ширкат ва ҳузури фаъоли ҷомеаи донишгоҳ дар ин чорабиниҳои илмӣ дарак медиҳад. Кори конференсия бошад,  дар 64 бахши устодон, 66 бахши донишҷўён ва 24 бахши докторантону магистрантон ҷараён гирифт, ки доираи васеи мулоҳизарониҳои илмӣ ва маърузаҳои мазкур беҳтарин ҳадяи устодону олимон, донишҷўёну магистрантон ба истиқболи Рўзи илм гардид.

Дар фосилаи як ҳафта беҳтарин маърўзаву мақолаҳо арзёбӣ гардида, донишу истеъдод, ковишҳои тадқиқотӣ, тозакориҳои пажўҳишӣ ва малакаи алоқамандони илму маърифат ба зуҳур расид.

Санаи 23-уми апрел дар толори факултети санъат ҷаласаи хотимавии конференсияи мазкур  доир гардид, ки дар он устодон, олимони ҷавон ва магистранутону донишҷўён, ғолибони бахшҳо, иштирокчиёни озмунҳои гуногун ширкат намуданд. Сараввал ректори донишгоҳ профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло баромад намуда, қайд кард, ки “Дар арафаи Рўзи илми тоҷик Донишгоҳ барои дастовардҳои назарраси илмӣ ва иштироки фаъолона дар Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни ” муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми дувум гардид ва бо “Ҷом ва Ифтихорнома” қадрдонӣ карда шуд”.

Қайд карда шуд, ки Раёсати донишгоҳ натиҷаи заҳмату ҷустуҷўҳои илмиву амалии ҳар як нафар иштирокчии фаъоли конфронсро тибқи пешниҳодоти кафедраю факултетҳои марбута қадршиносӣ менамояд.

Тибқи фармоишҳои ректор ба муҳаққиқони донишгоҳ, ки дар соли  тақвимии 2017 ба натиҷаҳои назарраси илмӣ-тадқиқотӣ ноил гашта, дар озмуни  умумидонишгоҳии «Олими сол–2017»  бо дарёфти холҳои нисбатан баланд ғолиб омаданд, бо диплом ва мукофотпулӣ (16 нафар),  роҳбарони маҳфилҳои илмии устодон ва профессорон (8 нафар), маҳфилҳои илмии донишҷўён (20 нафар) ва семинарҳои илмии намунавии кафедраҳо (16 нафар)  барои фаъолияти пурсамар дар рушди илм бо ифтихорнома сарфароз гардиданд. Инчунин устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷўёне, ки дар бахшҳои конференсия ғолиб омаданд бо мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Баргузории ҳафтаи конфронсҳои илмӣ бори дигар собит намуд, ки устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷўёни Донишгоҳ дар роҳи густариш ва рушди илми тоҷик мунтазам саъй намуда, сандоқатмандона дар баланд бардоштани маърифати илмии ҷомеа нақши муассир гузошта истодаанд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:696 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар