ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҚАДРШИНОСИИ МАҲФИЛҲО
2018-04-26

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар рушди соҳаи илму инноватсияи кишвар тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин самти афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Бо ин мақсад дирӯз дар толори факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар ҷаласаи  ҷамъбастии чорабиниҳои илмӣ бахшида ба Рўзи илми тоҷик  барои фаъолияти пурсамар ва муттасил маҳфилҳои назди профессорон ва устодон: «Ганҷи сухан» – роҳбар дотсент Саидов Саидумрон, «Фурўғ» - роҳбар профессор Мирзоюнус Матлуба, «Бедилшиносӣ» - роҳбар дотсент Нуров Нуралӣ, «Хазинаи ҳикмат» - роҳбар профессор  Атоев Атоулло бо ифтихорномаи ректори донишгоҳ Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло сарфароз гардиданд.  Ҳамчунин роҳбарони 16 семинари илмӣ-назариявии кафедра барои ҷалби устодону олимони ҷавон ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, муҳокима ва баррасии натиҷаҳои рисолаҳои илмии олимони ҷавон ва 20 роҳбарони маҳфилҳои илмии донишҷўён  барои ҷалби муваффақонаи донишҷўён ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ, ироаи суханрониҳои илмӣ ва ташкили маҳфилҳои намунавӣ, инчунин бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рўзи илми тоҷик  бо ифтихорномаи ректори донишгоҳ қадршиносӣ гардидан.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:619 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар