Мутобиқи баҳогузории рейтинги илмии корманд (ҳайати профессорону омўзгорон) тавсия дода мешавад, ки аз «Тартиб ва шартҳои баҳогузории рейтингии фаъолияти ҳайати профессорону омўзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» (бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 25.11.2011, №21/11тасдиқ шудааст) ва суратҷаласаи ҳайатҳои комиссияҳои корӣ оид ба ҷамъбасти озмуни корҳои илмӣ-тадқиқотии «Олими сол-2017» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар риштаи илмҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ ва табиатшиносию иқтисодӣ дар байни олимон ва муҳаққиқон дар баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба Рўзи илми тоҷик ҷамъбаст карда шуд. Ба озмуни мазкур дар риштаи илмҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ ҳуҷҷатҳои 10 нафар довталабон ва аз рўи бахши илмҳои дақиқ ҳуҷҷатҳои 10 нафар довталабон пешниҳод гардиданд.
Мувофиқи хулосаи комиссия дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ҷои аввалро Ғаффорова Умеда Абдуллоевна – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Шарқ бо дарёфти 437 хол, ҷои дуюмро Аъзамов Субҳонҷон Баҳромҷонович – номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик бо дарёфти 403 хол ва ҷои сеюмро Набиев Ваҳҳоб Машрафович – доктори илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи Ватани факултети таърих ва ҳуқуқ бо дарёфти 232 хол ишғол намуданд. Дар бахши илмҳои дақиқ ҷои аввалро Азизов Абдулатиф Абдуҳалимович – доктори илмҳои педагогӣ, декани факултети санъати тасвирӣ ва технология бо дарёфти 292 хол, ҷои дуюмро Тухлиев Қамариддин Турақулович – номзади илмҳои математика, мудири кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор бо дарёфти 284 хол ва ҷои сеюмро Хабилов Толибҷон Қодирович – доктори илмҳои биология, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ бо дарёфти 231 хол сазовор гардиданд. Бо мақсади қадршиносии ғолибони озмун мутобиқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ барои ҷойи аввал диплом ва 2500 сомонӣ, барои ҷойи дуюм диплом ва 2000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм низ диплом ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии чорабиниҳои илмӣ бахшида ба Рўзи илми тоҷик ба онҳо супорида шуд.
Ҳамчунин дигар муҳаққиқоне, ки бо дастовардҳои илмии назаррас дар озмуни “Олими сол-2017” иштирок намуданд, бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







